15 Ноябр 2025 - 09:30
Source: ABNA
Шӯрои Амният таҳримҳои Яманро ба муддати як соли дигар тамдид кард

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид таҳримҳои Яманро ба муддати як соли дигар тамдид кард.

Бино ба гузориши Агентии ахбории "Абно" ба нақл аз шабакаи "Ал-Ҷазира", Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро тасвиб кард, ки бар асоси он, таҳримҳои марбут ба Яман ба муддати як соли дигар тамдид мешавад.

Ин таҳримҳо шомили иқдомоти молӣ ва мамнӯъияти сафар дар чаҳорчӯби қатъномаи 2140 мебошад.

Шӯрои Амният дар ин қатънома, бидуни ишора ба таҷовузи якҷонибаи Амрико, Бритониё ва режими саҳюнистӣ ба Яман, ҳамлаҳои Ансоруллоҳро аз тариқи марзҳо ва баҳр маҳкум карда ва хостори таваққуфи фаврии ин ҳамлаҳо шудааст.

Намояндаи Русия дар Шӯрои Амният

Василий Небензя эълом кард: Русия аз раъй додан ба нақшаи қатъномаи марбут ба тамдиди низоми таҳримҳои Яман худдорӣ кардааст.

Вай афзуд, ин қатънома аз сӯи Бритониё таҳия шуда ва таҳримҳо барои 12 моҳи дигар тамдид шудааст. Ҳамчунин рисолати тими коршиносони Кумитаи таҳримҳои 2140 низ тамдид мешавад.

Намояндаи Русия гуфт: таҳримҳо абзоре тавоно дар ихтиёри Шӯрои Амният аст ва бояд барои ҳимоят аз раванди ҳаллу фасли сиёсӣ ва эҷоди сулҳу субот дар Яман мавриди истифода қарор гирад.

Ба гуфтаи Небензя, истифода аз таҳримҳо барои аҳдофи сиёсии маҳдуд ё эъмоли фишор ва муҷозоти ғайримуҷавваз қобили қабул нест.

Вай гуфт: рӯйкарди сиёсии бархе кишварҳои ғарбӣ дар парвандаи Яман муҷиби дур шудани эҳтимоли бозгашт ба масири ҳаллу фасли дипломатӣ шудааст.

Вай ҳамчунин таъкид кард: матни қатънома шомили ибораҳои номутавозин ва якҷониба аст, ки яке аз тарафҳои аслии даргир, яъне Яманро таҳрик мекунад.

Ба гуфтаи ин дипломати рус, муқаррароти қатънома имкони ташдиди низоми таҳримҳо алайҳи Яман дар ояндаро фароҳам мекунад ва Русия наметавонад аз чунин рӯйкарде ҳимоят кунад.

Намояндаи Чин

Дар идомаи ин нишаст, намояндаи Чин дар Шӯрои Амният гуфт: барқарории оташбас дар Ғазза ва коҳиши таниш дар Ховари Миёна метавонад фурсати тозае барои расидагӣ ба масъалаи Яман ва вазъияти баҳри Сурх эҷод кунад.

Вай эълом кард: Чин ба далели вуҷуди мулоҳизаҳои ҷиддӣ, ночор шуда дар раъйдиҳӣ дар бораи тамдиди таҳримҳои Яман, аз раъй додан худдорӣ кунад.

Намояндаи Чин афзуд, бархе кишварҳо пешниҳоди ғайримунтазирае барои ташдиди бозрасии дарёӣ дар баҳри Сурх матраҳ кардаанд; пешниҳоде, ки фоқиди меъёрҳои шаффоф аст.

Вай гуфт: ин иқдомот бидуни созукори назоратӣ метавонад дучори сӯиистифода шавад ва бо ихтиёроти инҳисории кишвари соҳиби парчам дар дарё муғойират дорад.

Намояндаи Чин ишора дошт: ин тарҳ мумкин аст ба сурати ҷиддӣ бар озодии киштиронӣ ва тиҷорати байналмилалӣ таъсир гузорад ва ҳуқуқи кишварҳоро нақз кунад.

Вай таъкид кард: бо вуҷуди кам шудани бархе бандҳои матни ин нақша, вале ҳамчунон ба самти эъмоли иқдомоти ташдидомез ва бозрасӣ ҳаракат мекунад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha